Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар соҳаи варзиш тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 27.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 26 июл дар шаҳри Париж дар ҳошияи маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2024 Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири варзиши Ҷумҳурии Фаронса Амели Удеа — Кастера мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд, дар мулоқот тақвият додани ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар самти рушди варзиш баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи варзиши касбӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни мактабҳои варзишӣ, омӯзиши таҷрибаи варзишгарони олимпии Фаронса дар Тоҷикистон ва иштироки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 табодули афкор анҷом доданд.
Зимни мулоқот баргузории чорабиниҳо ва таҳрезиву татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар доираи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Барои истиқболи самимӣ ва фароҳам овардани имконоту шароити хуби варзишӣ барои ҳайати олимпии Тоҷикистон ба ҳукумат ва Вазорати варзиши Ҷумҳурии Фаронса изҳори сипос карда шуд.
Дар анҷом ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро тақвият бахшида, барои иштироки фаъоли варзишгарони ҳар ду кишвар дар чорабиниҳои байналмилалие, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Фаронса доир мегарданд, мусоидат намоянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






