Тоҷикистон ва Сербия ҳамкориро дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 31.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо Вазири кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Сербия Зоран Гаич вохӯрӣ намуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ба ҳамкории минбаъдаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Сербия ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду густариши муносибатҳо бо ташкилоте, ки ба рушди соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш равона шудаанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Ҳамзамон аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ шуда, барои густариш ва таҳкими бештари ҳамкорӣ изҳори умедворӣ карда шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд






