ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.6640 то 10.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 23.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст:
1 доллари ИМА — 10.6640 сомонӣ;
1 евро – 11. 6120 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1209 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.6900 то 10.7000 сомонӣ;
1 евро аз 11.6122 то 11.6600 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0. 1210 то 0.1220 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».