Ваҳдат Ҳанонов фаъолияташро дар дастаи футболи «Сипоҳон»-и Эрон давом медиҳад

Июль 23, 2024 09:17

ДУШАНБЕ, 23.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳимоятгари 23-солаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов фаъолияти худро дар ҳайати барандаи медали биринҷии чемпионати Эрон – дастаи футболи «Сипоҳон» идома медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ду соли охир Ваҳдат Ҳанонов дар ҳайати «Персеполис» бозӣ карда, ду маротиба қаҳрамони Эрон шуд.

Ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо «Сипоҳон» шартномаи дусола ба имзо расонд.

Ваҳдат Ҳанонов аз соли 2018 дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби мамлакат 35 бозӣ анҷом дода, 4 гол задааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 23, 2024 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад