Вазири молия: «Нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон тамоюл ба самти рушди мусбӣ доранд»

Июль 3, 2024 16:18

ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Бо вуҷуди вазъи мураккаби ҷаҳонӣ, дар натиҷаи тадбирҳои муассире, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шудааст, нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон тамоюл ба самти рушди мусбӣ доранд», — чунин изҳор дошт Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки 1-3 июл дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Вазири молия афзуд, ки суръати афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ-майи соли 2024 беш аз 8 фоизро ташкил дод. Ба ин афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноат 10 фоиз, муомилоти моли чакана 14 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 17 фоиз, сохтмон 17,2 фоиз мусоидат кард, инчунин дигар соҳаҳо низ тамоюли мусбати афзоиш доштанд.

Файзиддин Қаҳҳорзода таъкид намуд, ки сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-майи соли 2024 ҳамагӣ 1,8 фоизро ташкил дод. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир ин суръат бахшидан ба саноатикунонии иқтисодиёт ва рақамикунонии равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат мебошад.

«Дар ин масъала Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ тадбирҳои маҷмӯиро андешидааст, ки онро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, тадбирҳо оид ба пардохтҳои ғайринақдӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми идоракунии молияи давлатӣ, автоматикунонии равандҳои маъмурикунонии андоз, гузариш ба татбиқи стандартҳои байналмилалии ҳисобот ва стандартҳои байналмилалии аудит, инчунин такмили таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ дар низоми идоракунии қарзи давлатӣ, аз ҷумлаи онҳо мебошад», — афзуд Файзиддин Қаҳҳорзода.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 3, 2024 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд