Дар Париж тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ФИФА ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар доираи Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 бо Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Ҷанни Инфантино аз хотироти сафараш ба Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки варзиш дар Тоҷикистон рушд карда, ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ иштирок ва ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.
«Бахусус варзиши футбол дар ҳоли рушд қарор дорад, ки ин барои федератсияи мо паёми нек ва мавриди таваҷҷуҳи хос аст», — гуфт Президенти Федератсияи байналмилалии футбол.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчунин дар шаҳри Париж бо Вазири варзиш, Раиси Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал Ал-Сауд вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба вусъати ҳамкорӣ байни сохторҳои варзишии ду мамлакат, аз ҷумла байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Арабистони Саудӣ, инчунин кумитаҳои миллии олимпӣ ва федератсияҳои футбол ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 26 июл то 11 август дар шаҳри Париж Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 идома меёбанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳо 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ мекунанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






