33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаҳри Норак ба пешвози меҳмонони ин ҷашни бузурги миллӣ омода аст
НОРАК, 25.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Норак корҳои ободонию созандагӣ вусъати дучанд гирифтаанд. Сокинону соҳибкорон ва роҳбарияти ташкилоту муассисаҳои шаҳр барои хуб пешвоз гирифтани меҳмонони ин ҷашни миллӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд.
Имрӯзҳо баробари ба шаҳри Норак ворид шудан аз дидани биноҳои замонавӣ, чароғонии кӯчаю растаҳо, асфалтпӯш шудани роҳҳо, ободонии фароғатҷойҳо, майдончаҳои солимгардонӣ, рангобарангии биноҳои баландошёна ва гулу гулгаштҳо кас илҳоми тоза мегирад. Ин ҳама созандагиҳо ба ҳусни шаҳр зебоии дигар зам намудаанд.
Сардори Муассисаи манзилию коммуналии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак Маҳмадюнус Бобиев иброз дошт, ки дар маркази шаҳри Норак ва маконҳои наздик ба он 18 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида шуданд. Аз аввали мавсим то имрӯз дар гулгаштҳои шаҳри Норак 228 ҳазор бех гулҳои гуногунранги бунафша ва 15 ҳазор бех гули лола шинонида шуд.
Ҳамчунин барои таблиғу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 400 шиору овеза ва аксҳои Пешвои миллат ва Парчами давлатӣ насб гардиданд. Маҳмадюнус Бобиев гуфт, ки то имрӯз 12 бинои баландошёна аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, сохтмони 13 бинои баландошёна идома дорад.
Сокинону масъулини шаҳри Норак дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва иҷрои амалии нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» бобати ҳифзи муҳити зист нақшаи шинондани гулу буттаҳо ва дарахтони гуногунро иҷро намуданд.
Имрӯзҳо сокинони шаҳр барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва пешвози меҳмонони олиқадр дар ҳашарҳои умумӣ фаъолона иштирок намуда, шаҳрро ба истиқболи меҳмонон пурра омода намудаанд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






