Ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ҷараёни баргузории он дар Ҳисор шинос шуд
ДУШАНБЕ, 22.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар шаҳри Ҳисор бо ҷараёни баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Қобилҷон Хушвахтзода дар китобхонаи марказии шаҳр бо ҳакамону масъулон ва иштирокчиёни озмун суҳбат намуд. Аъзои ҳайати ҳакамонро даъват намуданд, ки ба донишу малакаи довталабон шаффофу одилона баҳо гузоранд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бисёр имтиёзҳо фароҳам овардааст. Ҳамзамон довталабони соҳибистеъдод ва забондон барои роҳ ёфтан ба муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ҳаматарафа дастгирӣ карда мешаванд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд






