Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба ташкили амалиёти зиддимухаддиротӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вилояти Суғд ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба ташкили амалиёти зиддимухаддиротӣ ва дигар самтҳои фаъолият дар доираи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти ваколатдор оид ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа намояндагони Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, мақомоти зиддимухаддиротии ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, ва Федератсияи Русия, инчунин Росфинмониторинг иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҳимзода ифтитоҳ намуд.
Дар ҷаласа баргузории амалиёти зерминтақавии зиддимухаддиротӣ бо номи шартии “Канал-Авангард” бо ҷойгиркунии Ситоди байналмилалии ҳамоҳангсозии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи дуюми соли 2024 баррасӣ гардид.
Инчунин дар ҷаласа вазъи маводи нашъаовар дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ шунида шуда, мубодилаи афкор анҷом дода шуд.
Аз рӯйи натиҷаи ҷаласа протокол ба имзо расид.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






