АМАЛИЁТ ОИД БА ИСЛОҲОТИ АНДОЗ. Бештари хизматрасонии Кумитаи андоз электронӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсози Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз дар мавзуи “Дастовардҳои Лоиҳаи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз дар шашмоҳаи якуми соли 2024” баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода гуфт, ки давраи татбиқи лоиҳаи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” солҳои 2021-2026-ро дар бар мегирад.
“Лоиҳаи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” барои ноил шудан ба ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла беҳтар кардани сифат ва содагардонии низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба андозсупорандагон ва таъмин намудани риояи қонунгузории соҳаи андоз равона шудааст. Ҳадафи ин амалиёт сода намудани низоми андоз, баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон ва беҳтар намудани риояи ихтиёрии қонунгузорӣ дар соҳаи андоз мебошад”, — гуфт Аюбҷон Солеҳзода.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар доираи вазифаҳо ва самтҳои асосии дар Лоиҳаи амалиёт пешбинишуда бо мақсади беҳтар намудани самаранокии фаъолияти мақомоти андоз, маъмурикунонии андоз, боз ҳам зиёд намудани номгӯи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ, кам кардани истифодаи ҳуҷҷатгузории коғазӣ ва такмилу амалӣ намудани барномаҳои компютерӣ якчанд корҳо ба анҷом расонида шуда, татбиқи марҳилаҳои баъдӣ идома дорад.
Бо назардошти рушди технологияҳои муосири иттилоотӣ дар давраи амалишавии Лоиҳа номгӯйи хизматрасониҳои электронӣ васеъ карда шуда, ҳамаи хизматрасонии онлайнии андоз дар сомонаи Кумитаи андоз дастрас аст. Дар сомона ҳуҷраи шахсии ҳар андозсупоранда бо замимаҳои ҳисоби шахсӣ, иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ва шаҳодатномаҳои электронӣ кушода шудааст. Тариқи ин барнома ба андозсупоранда хизматрасонии автоматикунонии ҳисоботдиҳӣ, ҳисоб кардани намудҳои алоҳидаи андозҳо: нақлиёт, амволи ғайриманқул, андози кишоварзӣ, супоридани ҳисоботи электронӣ, пардохти андозҳо тавассути системаи имзои электронӣ дар вебсайт, пайгирии натиҷаи амалиёт, ба роҳ мондани иртиботи андозсупоранда бо мақомоти андоз тариқи ирсоли мактуб ба Кумитаи андоз, муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ ва монанди инҳо дастрас аст.
Барои рақамикунонии мақомот ва ташкили ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, аз ҷумла вазоратҳои молия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, нақлиёт, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон — «Амонатбонк»”, кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, агентиҳои омор, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар мақомоти дахлдор созишномаҳо оид ба табодули иттилоот дар шакли электронӣ ба имзо расонида шуда, бо назардошти ташкили махзани маълумот имконияти техникии вазорату идораҳо, доду гирифти иттилоот дар шакли электронӣ ба роҳ монда шуда, чораҷӯиҳо дар ин самт идома доранд.
Дар ҷаласа намояндагони дигар вазорату идораҳо дастовардҳои Амалиёти лоиҳаро дар шашмоҳаи аввали соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ карда, дар мавриди вазифаҳои барои давраи дуюми татбиқи амалиёт дар соли 2024 ва нақшаи ҳамкорӣ байни аъзои Кумитаи ҳамоҳангсозии амалиёт сухан гуфтанд.
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Ҳазем Иброҳим Ҳанбал доир ба ноил гаштани лоиҳа ба комёбиҳои назаррас аз рӯи самтҳои асосӣ ва муваффақона фаъолият намудани он ибрози назар намуд.
Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсулло Хайруллозода изҳор намуд, ки дар давраи татбиқи лоиҳа аксарияти хизматрасонии соҳаи андоз ба гунаи электронӣ гузашт. Ин боиси кам шудани санҷишҳои андозӣ гардида, имкон дод, ки Кумитаи андоз аз мақоми нозир ба мақоми хизматрасон табдил ёбад.
Муовини Вазири молия пешниҳод кард, ки минбаъд дар самти рамзгузории мол ва мониторинги андозӣ таҷрибаи дигар кишварҳо омӯхта шуда, баъди хулосабарорӣ модулҳои нави беҳтар дар амал татбиқ шаванд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода талошҳои Кумитаи андозро дар самти татбиқи вазифаҳои дар наздаш гузошта қаноатбахш хонда, таъкид кард, ки яке аз мушкилии асосии соҳибкорону сармоягузорон- ин санҷишҳои барзиёди андозӣ буд. Минбаъд бо кам шудани ин санҷишҳо ва пешниҳоди хизматрасонии онлайнӣ ба соҳибкорон, махсусан сармоягузорон дар мамлакат фазои сармогузорӣ беҳтар мегардад.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Кумитаи андоз барои татбиқи амалии муқаррароти “Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025”, аз ҷумла боз ҳам беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагону шаҳрвандон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ ва рақамикунонии мақомот тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»