Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 31, 2024 11:22

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

3. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2024 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 195 000 (яксаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.

5. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.

6. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 августи соли 2024
№АП-632

Замимаи 1
ба амри Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
   аз 31 августи соли 2024, №АП-632 

Низомномаи
озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ 
ва мақолаи илмию оммавӣ»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» (минбаъд — Озмун) дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №533 тасдиқ гардидааст, баргузор карда мешавад.
2. Озмун бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, муайян намудани беҳтарин осори илмӣ ва оммавию ҳуқуқӣ, тақвияти касбияти муҳаққиқон ва олимон дар соҳаи ҳуқуқ ва рушди илми ҳуқуқи ватанӣ равона гардидааст.
3. Озмун дар 3 номинатсия баргузор мегардад:
— беҳтарин китоби илмӣ;
— беҳтарин мақолаи илмӣ;
— беҳтарин мақолаи илмию оммавӣ.
4. Барои ҳар як номинатсия ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм муайян карда мешаванд.
5. Довталабони номинатсияҳо доираи номаҳдуди шахсон мебошанд, ки китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавиро ба табъ расонидаанд.

2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН

6. Сарпарасти Озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
7. Масъулони баргузории Озмун ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои молия, адлия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд.
8. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарғибу ташвиқи Озмун ва ҷараёни он мусоидат мекунанд.

3. КОМИССИЯИ ОЗМУН

9. Барои гузаронидани Озмун Комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ (минбаъд — Комиссияи озмун) таъсис дода мешавад.
10. Комиссияи озмун аз раис, узв ва котиб иборат мебошад.
11. Ваколатҳои Комиссияи озмун:
— назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони Озмун;
— омӯзиш ва баррасии маводди пешниҳоднамудаи иштирокдорони Озмун;
— эълони натиҷаи Озмун;
— баррасии арзу шикоятҳои иштирокдорон.
— ҷалби мутахассисони соҳавӣ ҳангоми зарурат.

4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН

12. Озмун дар як давр баргузор мегардад.
13. Довталабоне, ки дорои осори илмӣ ва илмию оммавӣ мебошанд, метавонанд маводди худро ба Комиссияи озмун  пешниҳод намоянд.

5. МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

14. Комиссияи озмун ба маводди пешниҳодгардидаи иштирокдорон аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳад:
— мазмун ва моҳияти китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ аз нигоҳи илмӣ ва таҳлилӣ мукаммал бошад;
— ба муқаррароти қонунгузории амалкунанда мутобиқ бошад;
— китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ фарогири мавзуъҳои вобаста ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ва бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
— барои такмил ва рушди илми ҳуқуқ ва низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд;
— бо мақсади мусоидат ба татбиқи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда бошад.

6. ХАРОҶОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН

15. Хароҷоти молиявии Озмун аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар манбаъҳои захираҳои буҷетӣ пардохт карда мешавад.

Замимаи 2
ба амри Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
    аз 31 августи соли 2024, №АП-632 

Ҳайати
Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ»

— ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раиси комиссия;
— вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви комиссия;
— президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви комиссия;
— сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви комиссия;
— сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви комиссия;
— декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви комиссия;
— сармутахассиси раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия.

Замимаи 3
ба амри Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
    аз 31 августи соли 2024, №АП-632 

Ҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ»

1. Барои ғолибон дар номинатсияи беҳтарин китоби илмӣ:
— ҷойи якум – 30 000 сомонӣ;
— ҷойи дуюм – 20 000 сомонӣ;
— ҷойи сеюм – 15 000 сомонӣ.

2. Барои ғолибон дар номинатсияи беҳтарин мақолаи илмӣ:
— ҷойи якум – 30 000 сомонӣ;
— ҷойи дуюм – 20 000 сомонӣ;
— ҷойи сеюм – 15 000 сомонӣ.

3. Барои ғолибон дар номинатсияи беҳтарин мақолаи илмию оммавӣ:
— ҷойи якум – 30 000 сомонӣ;
— ҷойи дуюм – 20 000 сомонӣ;
— ҷойи сеюм – 15 000 сомонӣ.

Август 31, 2024 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон шудани cоли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии Павилиони об барои иқлим иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мизи мудаввари сатҳи баланд бахшида ба мавзуи маблағгузории соҳаи иқлим дар Павилиони Покистон иштирок намуданд
Суханрони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асагава мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо имоми акбари муассисаи «Ал-Азҳар»-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ