Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 230 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Қазоқистон таъминкунандаи асосии гази моеъ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳиссаи он дар таъмини талаботи бозори дохилӣ 94 фоизро ташкил медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар 7 моҳи соли 2024 аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 230,4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 208,2 ҳазор тонна гази моеъ, 21,6 тонна кокси нафтӣ ва 477 тонна равғанҳои молиданӣ ворид карда шуд.
Қазоқистон таъминкунандаи асосии гази моеъ ба Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистон барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба чунин намудҳои маҳсулоти нафтӣ, аз қабили бензини автомобилӣ, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Ёдовар мешавем, ки 22 август дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.
Дар доираи ин санад Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи нафту газ, хусусан дар соҳаи иктишоф, истихроҷ, минтақаҳои нафту газ, интиқоли нафти хом ва маҳсулоти нафтӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият медиҳанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






