БА ИСТИҚБОЛИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба ин ҷашн оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 9 августи соли 2024 Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Тибқи ин қарор масъулин муваззаф гардидаанд, ки бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии сокинони пойтахт иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд.
Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷониба барои таҷлили сазовору пуршукуҳи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тамоми нерую имконияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои мухталиф ва дигар бахшҳои идора, дар маҷмуъ аҳли ҷамоати пойтахт ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ва беҳдошти ҳолати экологию тозагии ҳар шаҳраку маҳалла ва пойтахт равона карда мешавад.
Ҳамзамон бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4284 иншоотии гуногун бо таъсиси беш аз 13 ҳазор ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи ин ҷашни бузурги миллӣ, ба ҳолати 1 июли соли 2024 1954 иншоот, аз ҷумла бунёди 26 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 15 муассисаи тандурустӣ, 46 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 40 километр роҳ, 19 бинои маъмурӣ, 126 иншооти баландошёна бо 96 маркази хизматрасонӣ, 9 иншооти варзишӣ, рангубори 477 бино, 173 нуқтаи партовпартоӣ ва корҳои дигар бо таъсиси беш аз 2,7 ҳазор ҷойи нави кор амалӣ карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






