БАЛАНДШАВИИ ҲАРОРАТИ ҲАВО. Он ба маҳсулоти кишоварзӣ чӣ таъсир мерасонад?

Август 1, 2024 11:18

ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Баланд шудани ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои охири моҳи июл  ба маҳсулоти кишоварзӣ бетаъсир намемонад. Зеро дар ҳолате, ки ҳарорат аз 40 дараҷа боло шуд, раванди фотосинтез чӣ дар маҳсулоти полезӣ ва чӣ дар боғу дарахтон суст мегардад. Ин матлабро доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Ба гуфти Ҳикматулло Назиров, дар ин шабу рӯз кишоварзон бояд обмонии шабона ба роҳ монанд. Обмонии шабона яке аз роҳҳои пешгирӣ аз камҳосилӣ ва талаб ёфтани маҳсулоти киштшуда мебошад. Обмонии шабона ба он хотир тавсия дода мешавад, ки  дар вақти паст будани ҳарорат замин обро хуб ҷаббида мегирад. Дар вақти гармӣ обмонӣ манфиат надошта, ба растанӣ таъсири бад мерасонад.

Бо сабаби он ки ҳавои минтақаҳои Тоҷикистон  тағйирёбанда аст, аз ин рӯ дар заминҳои лалмии ҷумҳурӣ норасоии намнокии хок ба чашм мерасад. Ҳангоми норасоии намнокии хок дар боғу токзор сифати маҳсулот  низ паст шуда,   он наметавонад моддаҳои зарурӣ: қанд, сафеда, равған ва дигар моддаҳои биологиеро, ки барои маҳсулот заруранд, ба худ гирад. Зеро барои ҳамаи ин намнокӣ зарур мебошад. Агар деҳқонон имкони обпошак дошта  бошанд, бояд онро дар дарахтон истифода намоянд, ки ин ҳам ба манфиати кор мебошад.

Яке аз хатоиҳое, ки кишоварзон дар ин шабу рӯз мекунанд, ин  обмонии рӯзона ва аз ҳад зиёд обмонӣ мебошад. Агар марди деҳқон дар ҳарорати баланди рӯзона ба замин  об монад, об буғ шуда, сабаби хушкии маҳсулот ва камҳосилии он мегардад.

Ҳама намуди зироати кишоварзӣ аз ҷиҳати хусусияти биологӣ ба  тағйирёбии иқлим  мутобиқ буда, ҳангоми то 30-32 дараҷа баланд шудани ҳаво тағйирёбӣ ба чашм намерасад. Дар ин вақт ҳамаи хусусиятҳои химиявӣ,  физиологӣ ва биологии растанӣ дар шакли муътадил мегузаранд. Вақте ки ҳарорат аз 40 дараҷа  баланд шуд, аллакай таносуби мутобиқати растаниҳо  ба ҳарорат ба мушоҳида мерасад.  Дар ҳолати аз 30+35 дараҷа  боло рафтани ҳарорати ҳаво дар аксар зироати сабзавотӣ ҳолати гардолудшавии муътадили гулҳо ба амал намеояд ва ин сабаби камҳосилии зироат мегардад. Инчунин дар аксар дарахтони мевадиҳанда ва зироат  ҳолати физиологӣ тағйир ёфта, муътадил гузаштани ҷараёни фотосинтез ба амал намеояд. Ин  ҳолат ба захирашавии моддаҳои органикӣ-минералие, ки барои ҳаётгузаронии зироат зарур мебошанд, таъсири манфӣ мерасонад.

«Бояд гуфт, ки ҳар зироат, растанӣ  ва дарахти мевадиҳанда ба пасту баланд шудани ҳарорат мутобиқати хос дорад. Дар ҳолати баланд шудани ҳарорат бархе аз растаниҳои гармидӯст  то  ба 40, 45 ва 50 дараҷа гармӣ устуворӣ нишон дода, ин равандро кам эҳсос мекунанд. Вале  аксари зироати кишоварзӣ ин ҳолатро бо мушкилӣ паси сар менамоянд»,- гуфт мутахассиси соҳа.

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки замин манбаи асосии таъмини маҳсулоти хӯрокворӣ буда, бо назардошти зиёд гардидани аҳолӣ талабот ба он рӯз то рӯз меафзояд.  Дар ҳолати чунин тағйир ёфтани ҳаво қобилияти ҳосилдеҳии он  баръакси ҳол кам гашта, эҳтимоли ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор шуданаш аз имкон дур нест. Ин боис мегардад, ки самаранокии соҳаи кишоварзӣ паст ва арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшуда гарон гардад.

Бояд гуфт, ки барои аз замин рӯёнидани ҳосил  чаҳор чизи асосӣ: нури Офтоб, гармӣ, нармӣ ва ғизо зарур мебошад. Аммо таъсири бештари  яке аз онҳо ба инкишофу ҳосили маҳсулот таъсир мерасонад. Аз ин рӯ марди деҳқон бояд ба ҳама гуна ҳолат омода бошад, зеро таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ маҳз бар дӯши ӯ аст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2024 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт