БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Имрӯз варзишгарони тоҷик ба Ватан бармегарданд
ДУШАНБЕ, 14.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Бозиҳои олимпии Париж-2024 бо дастоварди олимпӣ ба Ватан бармегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Хотиррасон мешавем, ки 26 июл дар шаҳри Парижи Фаронса Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 расман оғоз гардида, 11 август анҷом ёфтанд. Дар ин бозиҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон се медали биринҷӣ ба даст овард.
Ду медалро дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг ба даст оварда, медали сеюмро муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг соҳиб гардид.
Ёдовар мешавем, ки ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж -2024 бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зинаи сеюм- 200 000 сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Илова бар ин нафароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои сеюмро сазовор шудаанд, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо хонаҳои истиқоматии 1-ҳуҷрагӣ қадршиносӣ мегарданд.
Аз ҷараёни пешвозгирии ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби ҳаводорону дӯстдорони варзиш дар нашри навбатӣ иттилоъ дода мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






