БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Темур Раҳимов дар даври нимниҳоӣ бо Тедди Ринери фаронсавӣ рақобат менамояд

Август 2, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи ҷудо варзишгари тоҷик Темур Раҳимов (вазни + 100 кг) дар даври нимниҳоӣ бо Тедди Ринери фаронсавӣ рақобат менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Темур дар даври аввал озод буд ва дар марҳилаи дуюм бар Эрик Абрамови олмонӣ ва дар даври сеюм бар Алишер Юсупови узбекистонӣ ғолиб омад.

Бояд тазаккур дод, ки аз 6 аъзои ҳайати ҷудои Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ Сомон Маҳмадбеков дар вазни + 81 кг ба гирифтани медали биринҷӣ шарёб гардид. Барои ҷудочиёни дигар, аз ҷумла Эмомалии Нуралӣ (+ 66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (- 73 кг), Комроншоҳи Устопириён (- 90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (- 100 кг) мусобиқа бе натиҷа анҷом ёфт.

Ҳамчунин шаби 1 ба 2 август муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи бокс бар Ҷек Марлии  ирландӣ бо ҳисоби калони 4:1 пирӯз гардида, ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт. Муштзани тоҷик дар ин давр бо варзишгари узбекистонӣ вориди ринг мешавад.

Ёдовар мешавем, муштзаноне, ки ба марҳилаи нимниҳоии Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар риштаи бокс мебароянд, аллакай ҷоизадори ин мусобиқа мебошанд.

Ду муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов ва Мижгона Самадова дар марҳилаи аввал аз рақибонашон шикаст хӯрданд ва аз идомаи иштирок дар мусобиқа маҳрум гаштанд.

АКС аз бойгонӣ

Август 2, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд