Дар Бадахшон 30-солагии таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 август дар шаҳри Хоруғ бахшида ба 30-солагии таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки Бадахшон яке аз осебпазиртарин минтақаи мамлакат нисбат ба ҳолатҳои фавқулода буда, ҳаёти бехатар ва фаъолияти босамари хоҷагии халқро дар ин минтақа бе фаъолияти пурсамари кормандони ин соҳа тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳодисаҳои зиёди рухдода дар ҳудуди вилоят ва раванди бартарафсозии онҳо нишон дод, ки раёсат ҳамчун маркази ягонаи муттаҳидкунанда ва ҷалбкунандаи қувваҳо барои рафъи оқибатҳо аз уҳдаи вазифааш ба хубӣ мебарояд.
Ҳодисаи селфароӣ дар деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим, ки бар асари он 13 хона пурра ва 26 хона қисман ва сабук зарар диданд, нишон дод, ки сари вақт пешгирӣ намудани ҳодиса ва дидани тадбирҳои муфид натиҷаи самарабор дорад.
Ёдовар мешавем, ки 17 августи соли 1994 бо Қарори Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумита таъсис ёфта, соли 1999 ба Вазорати ҳолатҳои фавқулода табдил дода шуд. Пас аз таҷдиди сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 Вазорати ҳолатҳои фавқулода ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






