Дар Британияи Кабир масъалаи ифтитоҳи парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе – Лондон баррасӣ шуд

Август 14, 2024 18:03

ДУШАНБЕ, 14.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Лондон байни намояндагони соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мулоқот баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода, директори генералии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев, муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Аслиддин Маликзода  бо  Менеҷери калони Фурудгоҳи  «Heathrow» оид ба шабакаҳои ҳавопаймоӣ  Бен Хоскинс зимни мулоқот  масъалаҳои вобаста ба рушди алоқаи ҳавоӣ, аз ҷумла ифтитоҳи парвозҳои мустақимро  дар хатсайри Душанбе – Лондон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 24 июл зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иброз намуд, ки барои ифтитоҳи хатсайри мустақим байни Душанбе ва Лондон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Интизор меравад, ки баъди ба мувофиқа расидани ҷонибҳо, парвозҳоро дар масири Душанбе-Лондон ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон –«Сомон Эйр» ва аз ҷониби Британияи Кабир ширкати ҳавопаймоии «British Airways» анҷом диҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки 28 марти  соли 2024  дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонида шуда буд.

Ташкил ва баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо дар рушди соҳаи авиатсияи граждании кишварҳо нақши муассир гузошта, ба афзоиши хатсайрҳои ҳавоии байналмилалӣ ва интиқоли бору мусофирон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Август 14, 2024 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард