Дар Душанбе даври дуюми озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 20.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт даври дуюми озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» баргузор карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳадафи асосии баргузории озмун аз эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини омодасозии шириниҳои халқи тоҷик, тарғиби эҳтиром ба ҳунари ширинипазӣ, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни шириниҳо ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он иборат мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки анъанаи омодасозии шириниҳои миллӣ бо зарфияти хос, бахусус аз лиҳози усули омода намудан ва истифодаи навъҳои гуногуни маҳсулот дар ҷаҳон беназир аст.
Шириниҳои тоҷикон бо гуногунии худ, ки навъҳои мухталифи хамирӣ, ширӣ ва мевагиро дар бар мегиранд, аз ҳамдигар тафовут доранд. Ин аст, ки фарҳанги омодасозии ғизоҳои миллӣ ҷузъе аз анъанаҳои фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон мебошад.
Санъати омодасозии шириниҳои миллӣ, бахусус ҳалво, кулчақанд, нишалло ва монанди инҳо дар байни сокинон шуҳрати хосса дошта, санъати тайёр намудани он дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн гардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






