Дар Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28 то 31 август дар пойтахти Тоҷикистон нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Дар ду рӯзи аввал ифтитоҳи чемпионат ва интихоби раиси Федератсияи байналмилалии гуштингирӣ баргузор мегардад. Рақобатҳо 30-31 август дар Қасри теннис ва варзиши обии пойтахт доир мешаванд.
Дар чемпионат зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд. Паҳлавонон дар 9 вазн — 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон бо ҳам рақобат мекунанд.
Фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари ИМА аст. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари ИМА тақдим мешавад.
Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро мегиранд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллари ИМА сарфароз гардонида мешаванд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии миллӣ – гӯштигирӣ 18 нафар – дар ҳар вазн дунафарӣ иштирок мекунанд. Шаҳбоз Саидаброров, Муллораҷаб Халифаев дар вазни 65 кг, Аҳмад Масъуд, Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни 71 кг, Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов дар вазни 78 кг, Умар Расулов, Ҳақназар Назаров дар вазни 86 кг, Улуғбек Раҳимов, Кароматулло Ҳакимов дар вазни 95 кг, Шариф Назриев, Шакармамад Мирмамадов дар вазни +95 кг байни мардҳо ва Мадина Қурбонзода, Рӯзигули Ҳасан дар вазни 52 кг, Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова дар вазни 70 кг, Мавлуда Одинаева ва Сабрина Холова дар вазни +70 кг дар байни занҳо дар ин мусобиқа қувва меозмоянд.
Рамзи Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ бабри барфӣ интихоб гардид. Бабри барфӣ интихоб гардидани рамзи Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ ба он хотир аст, ки ин ҳайвони нодир рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоатмандиро ифода мекунад. Бабри барфӣ ва ё озодапаланг аз ҷумлаи ҷонвароне аст, ки дар минтақаҳои кӯҳистони мамлакат ҳаёти муқимӣ дошта, ба намуди махсуси муҳофизатшавандаи Тоҷикистон дохил гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки гӯштини миллии тоҷикӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт, ки ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиши миллӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.
Гӯштини миллӣ яке аз навъҳои маъмули бозиҳои миллӣ дониста шуда, имрӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст. Ҳамасола дар доираи баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз ин мусобиқа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки варзишгарон ва дӯстдорони ин намуди варзиш дар сатҳи баланд баргузор мешавад.
Мақсад аз баргузории мусобиқа — ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар арсаи ҷаҳон, таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарони давлатҳо, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Гӯштини миллии тоҷикӣ ё гӯштингирӣ яке аз намудҳои маъмули гӯштин буда, дигар намудҳо, чун ҷудо, самбо, кураш ва камарбандӣ аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, барои оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад.
Бо дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гӯштингирӣ рӯз то рӯз рушд ёфта, таҳияи либоси варзишии ягонаи гӯштингирӣ, таҳияи қоидаҳои нави гӯштингирӣ, баргузор намудани мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ба ҳамин восита муаррифии гӯштингирӣ дар арсаи байналмилалӣ далели ин аст.
Бозиҳои миллии варзишӣ муаррифи тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буда, ба воситаи баргузории онҳо дар дили наврасону ҷавонон ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бедор мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Кӯлоб барномаи бошукуҳи варзишию фарҳангӣ доир шуд
Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун беш аз 2600 медал ба даст оварданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шаҳринав Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид
Парчамбардорони тоҷик хотираи қаҳрамонони миллатро пос доштанд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шоҳмансур Фестивали варзишӣ баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футболро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Ню-Йорк ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид






