Дар Хуҷанд консерти устодони санъати шаҳри Шимкент баргузор гардид

Август 23, 2024 15:29

ДУШАНБЕ, 23.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон 22 август дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони фарҳанг ва санъати шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон барномаи калони консертӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иброз дошт, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон идомаи сиёсати хирадмандонаи Сарони ду давлат буда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши равобити дӯстонаи халқҳои бародари Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат мекунад.

Ҳамчун рамзи дӯстӣ ва эҳтиром ба меҳмонон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид. Туҳфа ба сардори Раёсати фарҳанг, рушди забонҳо ва бойгонии шаҳри Шимкент Боарҷон Арантаев супорида шуд.

Сипас барномаи бошукуҳи консертӣ иборат аз сурудҳои миллӣ, рақсҳои ҷаззоб ва оҳангҳои оркестри асбобҳои халқӣ дар иҷрои  сарояндагони қазоқистонӣ намоиш дода шуд.  Ҳунармандони қазоқ инчунин сурудҳо ва рақсҳои миллии тоҷикӣ иҷро карданд, ки рамзи дӯстии мардумони ду давлатро ифода менамуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 23, 2024 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад