Дар Хуҷанд либосҳои мактабӣ бо нархи аз бозор арзонтар ба фурӯш гузошта мешавад

Август 6, 2024 11:30

ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш оғоз ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар намоиш аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, коргоҳҳои истеҳсоли либосҳои мактабӣ ва соҳибкорони инфиродӣ либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш бо нархи аз бозор 10-20 фоиз арзонтар пешниҳоди сокинон гардид.

Ҳамчунин аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба кӯдакони камбизоат ва ятим 150 ҷуфт либосҳои мактабӣ тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки намоиш-фурӯши либосҳои ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш дар шаҳри Хуҷанд то моҳи сентябр идома меёбад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Август 6, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд