СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Истаравшан корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва системаи қатравии яккарата бунёд мешавад

Август 29, 2024 16:21

ДУШАНБЕ, 29.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳри Истаравшан корхонаи нави саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сино медикал» бунёд мегардад, ки дар он сӯзандору ва системаи қатравии яккарата истеҳсол мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сино медикал» дар вилояти Суғд нахустин корхонае аст, ки сӯзандору ва системаи қатравӣ- маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол менамояд.

Барои бунёди ин корхона беш аз 10 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардида, дастгоҳу таҷҳизот аз давлатҳои  пешрафтаи ҷаҳон ворид шудаанд.

Дар корхона дар як сол то 60 миллион дона сӯзандоруи яккарата ва 5 миллион дона системаи қатравӣ истеҳсол карда мешавад. Бо  фаъол гардидани ин корхона  воридоти ин навъи маҳсулот кам шуда, дар корхона дар се баст беш аз 120 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Ҳамчунин бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан корхонаи нави саноатӣ барои истеҳсоли моеъи зидди ях (антифриз) бунёд мешавад.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан

Август 29, 2024 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд