Дар ноҳияи Хуросон бинои Хадамоти шиносномавӣ-бақайдгирӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 19.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 17 август 2 иншооти навбунёди хизматӣ, аз ҷумла бинои Хадамоти шиносномавӣ-бақайдгирӣ ва ошхона бо 100 ҷойи нишаст барои кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Хуросон ба истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Роҳбарияти мақомот бо шароити муҳайёгардидаи корӣ дар ҳарду иншооти навбунёди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Хуросон ва корҳои анҷомёфтаи таъмиру навсозии бинои маъмурӣ ва боксҳои нақлиётӣ шинос шуда, ба сифати корҳо баҳои баланд дод. Шароити муосири фаъолият барои кормандони милитсия баҳри беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ равона гардидааст.
Дар идома ба қисми навбатдорӣ ва шуъбачаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ноҳия дар вазъияти тантанавӣ мошинҳои нави хизматӣ супорида шуданд.
Тақдими воситаҳои нақлёти хизматӣ ба кормандони шуъба барои боз ҳам дар сатҳи зарурӣ фаъолият намудани кормандони милитсия заминаи боэътимод мегузорад. Истифодаи ин гуна воситаҳои нақлиёт бобати ба таври фаврӣ иҷро намудани дастуру супоришҳо барои хизмат ба аҳолии ноҳия таъсир мегузорад.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






