Дар шимоли Эфиопия бар асари ярч 10 нафар ҳалок гардид
ДУШАНБЕ, 26.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари ярч дар иёлати Амҳара дар шимоли Эфиопия 10 нафар ҳалок ва 8 нафар захмӣ гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус Amhara Media Corporation иттилоъ додааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, шоми 24 август дар минтақаи шимолии шаҳри Гондэр ярч фаромад. Ба 8 нафари захмишуда ёрии тиббӣ расонида мешавад. Илова бар ин, бар асари офати табиӣ беш аз 2 ҳазор нафар кӯчонида шуда, ҳоло дар марказҳои истиқоматии муваққатӣ қарор доранд.
Ин сеюмин лағжиши ярч дар Эфиопия дар ду моҳи охир аст. Аввали моҳи август дар ноҳияи Каво Коиша дар ҷануби кишвар 11 нафар ҳалок шуд. Тибқи гузориши Раёсати ҳамоҳангсозии масоили башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид, охири моҳи июл дар ҳамин минтақа маргбортарин ярч дар ин давлат сабт шуд, ки бар асари он дар минтақаи Гезе-Гофа 257 нафар ҳалок гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






