Дар Суғд Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мегардад

Август 25, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 25.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Даҳаи якуми моҳи сентябр дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд Фестивали вилоятӣ ва  намоишу фурӯши атласу адрас баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Фестивали вилоятӣ ва  намоишу фурӯши атласу адрас бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ, истеҳсоли матоъҳои миллӣ, муаррифии навъҳои гуногуни атласу адрас ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад.

Ғолибони фестивал бо диплому мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Дар фестивал ҳунармандон, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, дӯзандагону  тарроҳони алоҳидаи вилоят метавонанд иштирок намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Август 25, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд