Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи муосир барои санҷиши омилҳои гемофилия ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» озмоишгоҳ барои санҷиши омилҳои гемофилияи Ташкилоти ҷамъияти гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.
Ташкили озмоишгоҳи муосир барои ташхису муоинаи беморони гемофилия дар Тоҷикистон қадами устувори дигар дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба беморон мебошад.
Бояд гуфт, ки беморони гемофилия таҳти назорат ва ғамхории давлат қарор дошта, 7 сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон фаъолият дорад. Мақсад аз таъсис додани ташкилот- ин ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имконияти баробар ба дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад. Ҳукумати мамлакат нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда беморон бо «криопретсипитат» ва «плазма» ба таври ройгон таъмин мегарданд.
Гемофилия бемории ирсӣ буда, аз рӯи генҳои волидайн аз насл ба насл мегузарад. Дар беморони дорои гемофилия нисбат ба шахсони солим хунравӣ дарозтар буда, он аз норасоии омилҳои шахшавии хун вобастагӣ дорад. Ашхоси мубталои ин беморӣ аз ҷиҳати хунравӣ дар буғумҳо ҳамеша азият мекашанд, зеро қобилияти шахшавии хуни онҳо хеле суст мешавад. Касоне, ки мубталои ин касалӣ ҳастанд, ба гурӯҳи беморони ҳаёташон зери хатар дохил мешаванд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






