Дар Тоҷикистон Рӯзҳои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон Даврон Сафарзода бо намояндагони Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, дар мулоқот масоили таҳкиму густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва баргузории чорабиниҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон баргузории Рӯзҳои Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо ба нақша гирифта шудааст. Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ташкил гардида, барои таҳкими мубодилаи фарҳангӣ ва таълимӣ байни кишварҳои минтақаи Авруосиё мусоидат менамояд.
Маврид ба таъкид аст, ки соли 2021 байни Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии созмонҳои ғайриҳукуматии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд






