ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар шаҳри Турсунзода барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ доир шуданд

Август 20, 2024 09:09

ДУШАНБЕ, 20.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо  мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, инъикоси санъату анъанаҳои халқӣ барои эҳё  намудани суннатҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода байни занону ҷавондухтарон барномаҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ доир шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Занони деҳот дар як хона ҷамъ омада, таомҳои миллӣ омода намуданд. Инчунин ҳунарҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ ва наққошии маҳсули дасти худро  ба намоиш гузоштанд.

Ҳадафи асосӣ аз баргузории ин намоиш тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва омодасозии таомҳои миллии  қариб аз байнрафта барои насли ҷавон мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки дар шашмоҳаи якуми имсол дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон ба 57,1 миллион сомонӣ баробар шуд, ки ин нишони  рушд ёфтани соҳаи ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ аст. Ҳунармандон бештар ба истеҳсоли маснуоте, ки аз гузаштагонашон ба мерос мондаанд, таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Тибқи маълумот,  давоми шаш моҳи имсол 9291 нафар занону духтарони хонанишин  ва шаҳрвандони дигар  ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин давра таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва дар се давр Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Турсунзода

Август 20, 2024 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд