Эмомалӣ Раҳмон: «Барои дар сатҳи баланд доир кардани мусобиқаҳои милливу ҷаҳонӣ оид ба гӯштингирӣ талош хоҳем кард»

Август 30, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 30.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки дар «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ» баргузор гардид, изҳор доштанд, ки муҳайё намудани шароити созгори инфрасохториву ташкилӣ барои рушди варзиш, бо шумули гӯштингирӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

«Мояи ифтихору сарфарозӣ аст, ки бо талошу кӯшишҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат гӯштини миллии тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ касб намуд.

Ин аст, ки мамлакати мо имрӯз мизбони чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба ин намуди варзиш, аз ҷумла нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ мебошад», -таъкид намуданд Сарвари давлат.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе илова бар ин ки мизбони ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ оид ба об ва дигар масоили глобалии сайёра мебошад, дар ин шаҳри зебову муосири тоҷикон бузургтарин чорабиниҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ низ баргузор мегарданд.

«Агар дар аввалин чорабинии сатҳи байналмилалии ин намуди варзиш, ки ба хотири муаррифии гӯштингирӣ доир гардида, нахустин талоши мо барои ҷаҳонӣ кардани он ба ҳисоб мерафт, намояндагону варзишгарони 8 давлати дунё иштирок карда бошанд, дар чемпионати имрӯза намояндагони 63 давлати дунё иштирок доранд», — изҳор намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон бо хушнудӣ иброз намуданд, ки минбаъд низ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани Чемпионати Осиё, Ҷоми Осиё, Чемпионати ҷаҳон ва Ҷоми ҷаҳон, инчунин дигар мусобиқаҳои сатҳи баланди милливу ҷаҳонӣ оид ба гӯштингирӣ талош хоҳем кард.

Август 30, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад