ГӮСФАНДИ ҲИСОРӢ. Имрӯз дар Душанбе Конференсия – Фестивал-намоиши сеюми байналмилалии илмию амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Фестивал-намоиши байналмилалии зоти гӯсфанди ҳисорӣ, ки 17 август дар шаҳри Ҳисор баргузор мегардад, Конференсия-Фестивал-намоиши сеюми байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди зоти ҳисорӣ» доир шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Пеш аз оғози конференсия намоиши дастурамалҳо доир ба парвариш ва таърихи гӯсфанди ҳисорӣ доир шуд, ки онро олимону мутахассисони соҳаи чорводории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус ва дигар шарикони хориҷӣ тамошо намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиши имрӯза рушди минбаъдаи соҳа ва тақвияти фаъолият дар парвариш ва селексияи зоти гӯсфанди ҳисорӣ, таҳлил ва инъикоси мавод оид ба ҳолати имрӯзаи зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷи дуру наздик, дастоварду натиҷаҳои илмию амалӣ ва таҷрибаҳои пешқадам дар самти беҳтар намудани минтақаи парвариши ин зоти гӯсфанд ва рушди устувори соҳа мебошад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки гӯсфанди ҳисорӣ калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон мебошад. Ин гӯсфанд барои гӯшту равған парвариш карда мешавад. Ин гӯсфандро дар водии Ҳисор ба вуҷуд овардаанд. Вазни барраи навзоди ин зот 5-7 килограмм буда, вазни барраҳои 5-моҳа ба 40-50, баъзан то ба 55-60 килограмм мерасад. Ин гӯсфанд дар 18-моҳагӣ 70-90 килограмм вазн мегирад.
Тавре Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, дар Тоҷикистон асосан селексияи мардумӣ шуҳрат дошта, шахсоне, ки ба ин кор машғул буданд, давоми солҳои зиёд зотҳои беҳтарини чорворо ба вуҷуд оварданд. Зоти гӯсфандони ҳисорӣ, ки калонтарин дар ҷаҳон эътироф шуда, шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, маҳсули селексияи мардумӣ мебошад.
Дар Тоҷикистон аз таҷрибаи корҳои илмию селексионии тӯлонии олимону мутахассисони соҳаи гӯсфандпарварӣ ду навъ- типи «Шаҳринавӣ» ва «Фархорӣ»-и гӯсфанди зоти ҳисориро ихтироъ ва мутобиқ гардониданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 августи соли равон чорвои майда зиёда аз 7 миллион сарро ташкил медиҳад, ки аз ин қариб 3 миллионашро навъи гӯсфанди ҳисорӣ ташкил медиҳад.
Мудири шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварӣ ва бузпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Сафаралӣ Наботов афзуд, ки нақши гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар такмилдиҳии маҳсулнокии гӯсфандони зоти думбадор ва офаридани зотҳои нав дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон хеле калон аст. Бо истифодаи гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар Тоҷикистон зоти гӯсфандони тоҷикии сергӯшту равған ва серпашми тоҷикӣ, дар Қазоқистон зотҳои думбадори «ордабасинӣ», ниммаҳинпашми «актюбинӣ», дар Узбекистон зоти сергӯшту равған ва серпашми «устюртӣ», инчунин зотҳои думбадори «келесӣ» ва «андиҷонӣ» офарида шуданд. Ин корҳо ҳоло низ идома доранд.
Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, номи зоти гӯсфандони ҳисорӣ аз рӯи минтақаи парвариши онҳо, яъне водии Ҳисори Тоҷикистон гирифта шудааст. Ҳанӯз соли 1298 сайёҳи машҳур Марко Поло зоти гӯсфандони ҳисориро дар қаламрави ҳамин мавзеъ вохӯрда, таассуроти худро оид ба ин гӯсфандон дар китобаш чунин сабт намудааст: «Гӯсфанд аз рӯи ҷусса ба монанди маркаб, дорои думбаи ғафсу калон бо вазни 30 фунт. Гӯсфандони фарбеҳи равғанӣ, дорои гӯшти болаззат».
Ҳамчунин дар самти такмил додани хусусияти ирсию маҳсулнокии зоти гӯсфандони ҳисорӣ олимони шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварии Институти илмию таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон, ки соли 1931 ҳамчун аввалин стансияи илмию таҷрибавии ҷумҳурӣ оид ба соҳаи чорводорӣ таъсис ёфта буд, корҳои илмию селексиониро оғоз намудаанд, ки то имрӯз идома меёбанд.
Дар конференсия гуфта шуд, ки дар солҳои гуногун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфандони зоти ҳисорӣ ба ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин ба Федератсияи Русия ва Беларус интиқол дода шуда, парвариш мешаванд.


Дар натиҷаи таҳқиқоти илмии бисёрсолаи олимони шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорон дар заводи зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор типи «фархорӣ»-и ин зот офарида шуд. Ҳамчунин дар ду хоҷагии зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи олимони шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварӣ ва бузпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони хоҷагиҳои зотпарварӣ корҳои илмию селексионӣ оид ба офаридани типи нави заводӣ бо номи «Шаҳринавӣ» ба анҷом расонида шуд. Соли 2022 аз тарафи комиссияи давлатии апробатсионӣ ба ин типи нави гӯсфандони зоти ҳисорӣ баҳои мусбат гузошта шуда, барои тасдиқи расмии давлатӣ ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. 15 апрели имсол типи «шаҳринавӣ»-и гӯсфандони зоти ҳисорӣ бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман тасдиқ шуд.
Ёдовар мешавем, ки пагоҳ, 17 август дар шаҳри Ҳисор Фестивал-намоиши байналмилалии зоти гӯсфанди ҳисорӣ баргузор мегардад. Дар он дастовардҳои кишоварзӣ ва ҳунармандии корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор, дастоварди олимон дар соҳаи гӯсфандпарварӣ ва намоиш-музоядаи гӯсфандони зоти ҳисорӣ баргузор мегардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС)
АКС: АМИТ «Ховар»























Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд






