Гулмуроди Саъдулло бозии даври муқаддамотии Лигаи чемпионҳои элитаи Осиё-2024/25-ро доварӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло якҷо бо ситоди худ ҳаками бозии даври муқаддамотии Лигаи чемпионҳои элитаи Осиё-2024/25 таъйин шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гулмуроди Саъдулло бозии бошгоҳҳои «Ал-Ғарофа» (Қатар) ва «Шабоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА)-ро, ки 13 август дар шаҳри Ал-Хори Қатар баргузор мешавад, доварӣ менамояд. Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев дар хатҳо ба ӯ кумак мекунанд. Довари ФИФА Аскар Наҷафалиев аз Узбекистон довари эҳтиётӣ таъйин гардид.
Ғолиби ҷуфти «Ал-Ғарофа» (Қатар) – «Шабоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) ҳаққи иштирок дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои элитаи Осиё-2024/25 ва дастаи мағлубшуда дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи дуюми Лигаи чемпионҳои Осиёро пайдо мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






