Имрӯз ба ғолибони озмунҳои беҳтарин ролик ва беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе ҷоиза супорида мешавад
ДУШАНБЕ, 27.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат маросими ҷоизасупории озмунҳои «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин акси сайёҳии шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмунҳо бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба рушди сайёҳӣ, тарғиби зебоиҳои пойтахти мамлакат, муаррифии имконияту зарфияти сайёҳӣ, маконҳои таърихиву фарҳангии он ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардиданд.
Дар озмунҳо матнҳои тарғиботӣ ва роликҳои рекламавӣ таҳия гардида, эълонҳо вобаста ба баргузории онҳо тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар сомона ва саҳифаҳои иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, АМИТ «Ховар», рӯзномаи «Паёми Душанбе», муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин саҳифаҳои иҷтимоии шуъбаи рушди сайёҳӣ дар Фейсбук, Инстаграм ва Телеграм ба таври васеъ инъикос карда шуданд.
Озмуни «Беҳтарин ролики сайёҳии шаҳри Душанбе» дар ду номинатсия — шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ доир гардида, озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе» дар як давр — даври шаҳрӣ ва дар як марҳила доир карда шуд.
АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони гуногункасби пойтахт баргузор шуд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе» баргузор мешавад
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Душанбе даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд






