Имрӯз ҳунармандони «Казакконсерт» дар Душанбе санъати миллии қазоқиро намоиш медиҳанд

Август 24, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 24.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ҳунармандони Ташкилоти давлатии академии консертии «Казакконсерт» ба номи Роза Багланова санъати миллии қазоқиро пешкаши тамошобинон мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ хабар доданд.

Онҳо сурудҳои халқии қазоқӣ, асарҳои асбобӣ ва композитсияҳои асбобию хореографиро иҷро менамоянд.

Барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе Ансамбли давлатии фолклории «Остона Сази»-и Қазоқистон, гурӯҳи «Saz & Soul», Ходими хизматнишондодаи Қазоқистон Айзат Карабек, лауреати Мукофоти давлатии ҷавонон «Дарин» Аскар Мукият, лауреатҳои озмунҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ Султон Ахмет ва Инкар Айдархонкизи ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ҳамчунин асари композитори барҷаста Шарофиддин Сайфиддинов «Давлати ман — Тоҷикистон», ки соли 2004 навишта шудааст, садо медиҳад. Ин суруд ҳамеша ба дили шунавандагон нисбат ба  зебоии зодгоҳ, қувваи боварибахши аккордҳо, боварии бепоён ба мардум ва давлати худ завқи ҳаяҷонбахш мебахшад.

Онро Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев иҷро мекунад.

Барномаи ҳунарӣ ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории Қазоқистон ва Тоҷикистон мусоидат менамояд.

 АКС: Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

Август 24, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд