IRS: Дар масири Душанбе – Чанок 7 нуқтаи нерудиҳии электромобилӣ насб мегардад

Август 6, 2024 16:38

ДУШАНБЕ, 06.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири Душанбе – Чанок 7 нуқтаи нерудиҳии электромобилро мавриди истифода қарор медиҳад, ки ин нуқтаҳо дар километрҳои 11, 15 –и ноҳияи Варзоб, 107, 130-и ноҳияи Айнӣ, 284–и ноҳияи Ҷаббор Расулов, 300-и шаҳри Хуҷанд ва 322-юми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, дар онҳо барои неругирии автомобилҳо тамоми шароит фароҳам оварда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин филиал хабар доданд.

Нуқтаҳои нерудиҳии электромобилҳо дар майдони васеъ ҷойгир буда, барои фаъолияти пурмаҳсул 60 таҷҳизоти нерудиҳӣ- ҳар кадом бо иқтидори 180 киловатт аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас карда шудааст ва ба стандарти маъмули GB/N ва стандарти аврупоии CCS2 пурра ҷавобгӯ аст.

Дар ин нуқтаҳо технологияи пешрафтаи пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ ва ҳисобкунакҳои электронии низоми CТ – VТ насбу истифода шуда, фарқияту афзалияти ин технология дар он зоҳир мегардад, ки дақиқияти истифодаи неруи барқ таъмин ва талафоти он пешгирӣ мегардад.

Таъкид гардид, ки роҳбарияти «IRS» тасмим гирифтаанд, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳое, ки роҳи Душанбе – Чанок аз онҳо мегузарад, чунин нуқтаҳоро ба истифодаи сокинон гузоранд.

АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 6, 2024 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд