ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ҳошияи бошукуҳтарин дастоварди давлатдории навини тоҷикон
ДУШАНБЕ, 30.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли сиёсӣ ва фазои озоду мусоиди он дар баробари дигар имконият ба пажуҳиши таърихи пурҳаводиси тоҷикон роҳи фароху муҳити созгорро баҳри рӯ овардан ба ғояҳо ва арзишҳои миллӣ, оину суннатҳои аҷдодӣ, эҳёи низоми давлатдории миллӣ ва пайдо шудани назари боз ҳам жарфтар ба таъриху тамаддуни тоҷикон муҳайё намуд. Маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ манфиатҳо ва ҳадафҳои миллӣ дар сиёсати давлат мақоми асосӣ ва меҳварӣ пайдо намуда, татбиқи он ба муҳимтарин равандҳои сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ мубаддал гардид. Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба миён омадани воқеияти нави сиёсию иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, дар шуур ва худшиносии ҷомеа таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал овард. Чунин нигоштааст дар мақолааш номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Субҳиддин Зиёев.
— Истиқлоли сиёсӣ бошукуҳтарин дастоварди давлатдории навини тоҷикон маҳсуб шуда, дар сарнавишти миллати куҳанбунёди тоҷик тағйироти куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳилаи сифатан нави таърихӣ гардид. Ин падидаи беназир дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ- бунёди давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу мамлакат ва эҷоди рукнҳои давлатдории муосирро гузошт. Давоми сиву се сол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати заҳматҳои софдилона ва содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои ҷавонмардони шуҷою далер дар таъмини рушди самтҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардид.
Тоҷикистон давоми сиву се соли Истиқлоли давлатӣ бо суботи сиёсӣ ва рушду созандагиаш ба давлати аз дидгоҳи амният ба куллӣ таъмингашта табдил ёфта, мардуми заҳматкашу меҳнатқаринаш барои боз ҳам ободу зебо гаштани ин диёри ҳамешасабз якдилона кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин солҳо Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Истиқлоли сиёсӣ беҳтарин неъмат дар ҳаёти халқи тоҷик, намунаи беҳтарини кафили пешрафти давлату миллат ва рамзи некнажодии гузаштагон ва имрӯзиён, омили солимии андешаи миллати барҷаставу куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳилаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯст, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ва бақои давлат ба шумор меравад.
Маҳз дар марҳилаи Истиқлоли сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ноил гардид. Месазад, ки ин дастовардҳоро ҳар сокини баору номуси мамлакат тарғибу ташвиқ намояд, то пояҳои Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам мустаҳкамтар гарданд. Ҳодисаи охире, ки маҳз ба Истиқлоли сиёсӣ ва давлатии мо вобаста аст, ин ба истифода додани бинои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинои нави Парлумони Тоҷикистон мебошад, ки шояд дар минтақаи Осиёи Миёна шабеҳи он набошад. Ин иншооти маъмурӣ ва сиёсӣ метавонад Истиқлоли сиёсӣ ва давлатии моро боз ҳам мустаҳкам намояд.
Барои давлатдории миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, симои ин давлат ва ин миллати тамаддунофарро ба ҷаҳониён шиносонид. Ба воситаи рамзҳои давлатӣ ва узвият дар Созмони Милали Муттаҳид аз 2 марти соли 1993 Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷой гирифт ва субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ гардид. Ин ҳама ташаббусҳову ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсиятҳои содиқи Ватан буд, ки дар ин роҳ меҳнати ҳалол ва пофишорӣ намуданд, бо кашфиёти илмӣ ва асарҳои илмӣ Тоҷикистонро дар арсаи олам муаррифӣ карданд.
Ба хотири ба даст овардани ваҳдату ягонагии миллату давлат, таҳким ва рушди худшиносию ҳувияти миллӣ ва ҳифзи Истиқлоли комили давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати давлатдорӣ ба сабақҳои таърих ва оину суннатҳои волои давлатдорию фарҳангии аҷдодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, пайваста ба арҷгузорӣ, ҳифз ва истифодаи ҳамаҷонибаи ин хазинаи бузурги арзишманд дар бунёд ва таҳкими давлатдории навини миллӣ ҳидоят менамоянд.
Раванде, ки яке аз муҳимтарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ ва ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда мешавад, ин вусъати комил пайдо намудани таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, баргузории ҷашни чеҳраҳои мондагори миллат ва шаҳрҳои бостонию ёдгориҳои нодири таърихӣ аст. Дар ин раванд метавон аз ҷашнҳои пуршукуҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии Авасто, Соли тамаддуни ориёӣ эълон шудани соли 2006, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 3000-солагии Ҳисор, 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки ҳар яке бо шукуҳи хосса доир гашта, дар худшиносии миллии ҷомеаи мамлакат нақши муассир гузоштанд, ёдовар шуд. Ба муносибати таҷлили ин ҷашнҳову санаҳои таърихӣ баробари корҳои ободониву созандагӣ марказҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ таъсис шуда, рисолаву асарҳои зиёди илмӣ, барномаву гузоришҳои телевизионӣ, радио ва интернетӣ ба тасвиб расиданд.
Падидаи наҷиби дигаре, ки дар даҳаи сеюми давлатдории миллӣ бо шарофати Истиқлоли сиёсӣ рӯйи кор омад, ин таҳаввулот дар сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Дар ин раванд бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба маснади роҳбарӣ ҳидоят намудани ҷавонон таҳаввулоти назаррас мушоҳида мешавад, ки ин аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Роҳбари давлат дарак медиҳад.
Инъикоси дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва тарғибу ташвиқи ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифи дастовардҳои беназир дар кӯтоҳтарин марҳилаи таърихӣ, пеш аз ҳама, таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷикон, ҳадафҳои миллӣ ва стратегии ҷумҳурии мустақил ва роҳу воситаи татбиқи он, мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сиёсии ҷаҳон ва минтақа ва яке аз вазифаҳои муҳими ҳар фарди ватандӯсти мамлакат мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 10 фоиз зиёд мегардад
ИСТИФОДАИ КОРД АЗ ҶОНИБИ НОБОЛИҒОН. Андешаҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» баргузор мешавад
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд
26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Шир ва маҳсулоти ширӣ муҳимтарин манбаи энергия ба шумор мераванд
РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Портали khizmat.ehukumat.tj ба шаҳрвандон 60 номгӯй хизматрасонӣ пешниҳод менамояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 январ, душанбе, 26-умин рӯзи соли 2026 аст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ гуна дар шароити хона метавон оиларо бо пиёзи тару тоза таъмин намуд
ПОС ДОШТАНИ УРФУ ОДАТҲОИ МАРДУМӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар мавсими ниҳолшинонии имсола дар 100 гектар павлония шинонида мешавад






