35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беш аз 1 километр роҳи мошингарди ноҳияи Ёвон таъмиру навсозӣ гардид

Ноябрь 4, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Фирдавсии Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон беш аз 1 километр роҳи мошингарди байни деҳаҳо мумфарш гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ медиҳад.

Дар қисматҳои дигари роҳ корҳои рехтани шағал ва тахту ҳамворкунӣ   идома доранд. Барои иҷрои босифати ин корҳо техника ва таҷҳизоти зарурии муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳия ҷалб гардида, кормандон ба таври самаранок фаъолият доранд.

Таъмиру навсозии роҳҳои мазкур бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону шахсони саховатманд ва дастгирии сокинон  амалӣ мегардад.

Пас аз истифода додани роҳҳои байни деҳаҳо на танҳо барои ҳаракати нақлиёт ва аҳолӣ осон мегардад, балки ба беҳтар шудани инфрасохтори деҳа, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард.

Инчунин аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шараф»-и деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо мақсади бетонпӯш намудани роҳҳои мошингарди ҳудуди ин деҳа  ба ҳашари умумӣ баромаданд.

Зимни ҳашар масъулин  бо сокинон суҳбат намуда,  иброз доштанд, ки роҳсозӣ яке аз амалҳои хайру савоб ба шумор меравад. Ҳамзамон барои ҳар он нафаре, ки дар ин иқдоми хайрхоҳона ва шоистаи таҳсин саҳмгузорӣ менамоянд,  изҳори сипос  намуданд.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон аз ҳамдигар таҷриба карда, пайи ҳам роҳҳои ҳудуди деҳу маҳаллаҳоро тавассути ҳиссагузории дастаҷамъона мумфарш карда, ҳамчунин ҷароғонкунӣ, навсозии ҷуйборҳои обпартои канори роҳҳо ва дигар амалҳои марбутаро анҷом медиҳанд.

АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

 

Ноябрь 4, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд