Дар 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 76 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли равон дар мамлакат 76 муассисаи тандурустӣ сохта ба истифода дода шудааст. Айни замон дар 104 адад муассисаҳои соҳа корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ин давра 200 адад муассисаҳои тандурустӣ таъмир гашта, дар 137 адад муассисаи дигар корҳои таъмирӣ ҷараён доранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба рушди соҳаи тандурустӣ ва таъмини шароити моддию маънавии кормандони тиб таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт корҳои назаррас анҷом медиҳад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифта, барои рушди фаъолияти соҳа марҳила ба марҳила тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Агар дар ҷумҳурӣ то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекард, ҳоло шумораи муассисаҳои тиббӣ ба 5254 адад расидааст.
Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 900 муассисаи хусусии тиббӣ бо 602 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва 298 нафар шахсони воқеӣ фаъолият мекунанд. Дар муассисаҳои хусусии тиббӣ ҳамагӣ 4880 нафар, аз ҷумла 1982 нафар табибон, 1866 нафар кормандони миёнаи тиб ва 1032 нафар кормандони ёрирасон ва 19 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият менамоянд.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 баён гардида буд: «дар 5 соли оянда дар ҷумҳурӣ сохтмон ва таъмири беш аз 350 муассисаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст».
АКС: АМИТ «Ховар»








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






