Бахшида ба 31-солагии Конститутсия дар Ёвон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба истифода дода шуд

Ноябрь 6, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,   дар  деҳаи Саъди Шерозии ноҳияи Ёвон бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 мавриди  истифода  қарор   дода шуд. Дар  ин хусус ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.

Бинои иловагӣ аз чор синфхонаи таълимӣ ва утоқи корӣ барои омӯзгорон иборат буда, дар он зиёда аз 250 нафар хонанда таҳсил менамояд. Сохтмони ин иншоот бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, саҳми  падару модарон ва устоҳои маҳаллӣ дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуд.

Синфхонаҳои бунёдгардида бо дастгирии  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ, ҷевон ва дигар дастгоҳу аёниятҳои хониш таъмин карда шуданд. Дар бинои иловагӣ синфхонаи компютерӣ ташкил гардида, он бо компютерҳои нав муҷаҳаз гардидааст.

Зимни ба истифода додани  иншоот Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода  иброз намуд, ки таъмини шароити мусоиди таълимӣ барои хонандагон ва омӯзгорон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба истифода додани чунин иншооти таълимӣ, шароити таҳсил ва сифати таълим дар муассисаҳои ноҳия боз ҳам беҳтар мегардад.

Дар ин рӯз ба  сохтмончиён, падару модарон ва ҳамаи онҳое, ки дар татбиқи ин иқдоми шоиста саҳм гузоштанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардида, ба хонандагони ятиму аз оилаҳои ниёзманд туҳфаҳо тақдим карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Ноябрь 6, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд