Корхонаи дӯзандагии раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилӣ кормандонро бо либосҳои низомӣ таъмин мекунад
ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо фаъолият ва шароити фароҳамгардида дар Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Вазири корҳои дохилӣ бо шароити хизматбарӣ ва таъминоти моддӣ-маишии ротаи қаровулӣ аз ҳисоби сарбозони қисми ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ шинос гардид.
Ҳамчунин Вазири корҳои дохилӣ бо фаъолияти самарабахши Корхонаи дӯзандагии раёсат, ки моҳи ноябри соли 2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳбабардорӣ қарор гирифтааст, шинос гардида, бо кормандзанони ин коргоҳ вохӯрӣ намуд.
Бояд гуфт, ки корхонаи дӯзандагӣ дорои 375 мошинаи дӯзандагӣ буда, дар он қариб 300 нафар занону духтарони хонанишин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Дар баробари ин Вазири корҳои дохилӣ бо анборҳои нигаҳдории либосу хӯроквории ин раёсат шинос шуд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






