Кумитаи андоз: «Ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҷаримаҳо зиёда аз 200 миллион сомонӣ ворид гардид»

Август 10, 2024 09:57

ДУШАНБЕ, 10.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ ва содаву мувофиқ намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ҳоло ҳам баъзе субъектҳои хоҷагидор ба қонунвайронкуниҳо роҳ медиҳанд. Дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар маҷмуъ 10,5 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 188 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардид. Дар ин хусус Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Нусратулло Давлатзода гуфт, ки аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби ҷаримаҳои солҳои қаблӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 201 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 29 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Тадбирҳои солҳои охир тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида имконият медиҳанд, ки шумораи субъектҳои хоҷагидор давра ба давра афзоиш ёбад.

Тибқи маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ба ҳолати 1 июли имсол шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор 358,6 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 8,3 ҳазор, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ – 633 ва соҳибкорони инфиродӣ 7,7 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2024 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем