Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар истироҳатгоҳи «Зимчурӯд» маҳфилҳои гуногун доир намуд

Август 13, 2024 10:54

ДУШАНБЕ, 13.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчурӯд»-и ноҳияи Шоҳмансур, ки дар минтақаи Варзоб ҷойгир аст, 170 нафар аъзои фаъоли Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ ба фароғат фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар доданд.

Тавре директори марказ Назрихуҷа Саидалиев иброз дошт, дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ҳамарӯза барои истироҳаткунандагон барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда мешаванд. «Дар истироҳатгоҳҳо кӯдакону наврасон дар баробари истироҳати бофароғат ҳамзамон ба чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ ҷалб мегарданд, ки ба баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд. Дар онҳо фанҳои дақиқ ва забонҳои русию англисӣ низ омӯзонида мешаванд», -илова намуд директори марказ.

Барои хубу хотирмон гузаштани таътили тобистона 30 нафар мураббиён вазифадор шудаанд, ки барои хонандагон машғулияти варзишӣ, аз қабили оббозӣ, шашкаю шоҳмот, футбол, волейбол ва тенниси рӯйи миз ташкил намоянд. Инчунин чорабиниҳои гуногуни «Шоми байтбарак», озмунҳои «Ҳозирҷавобон» ва хондани сурудҳо дар васфи Ватан-Модар доир намуда, хотири истироҳаткунандагонро шод месозанд.

Мураббиён ва мутасаддиёни истироҳатгоҳ мақсад гузоштаанд, ки кӯдакону наврасон дар таътили тобистона бо як ҷаҳон таассуроти неку фаромӯшнашаванда ба хона, ба назди волидонашон баргашта, дар соли нави хониш бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 26 марти соли 2024, бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024» ва фароҳам овардани шароити мусоид дар давраи истироҳати тобистона барои беҳдошти саломатии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар Истироҳатгоҳи кӯдакону наврасони «Зимчурӯд», ки бевосита дар тобеияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур қарор дорад, тамоми тадбирҳо андешида шуда, имрӯзҳо кӯдакону наврасон дар шароити хуб истироҳат доранд.

Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» низ ҳамрӯза машғулияти таълимӣ гузаронида, дар он зиёда аз 40 маҳфили забономӯзӣ, аз ҷумла русиву англисӣ, олмониву чинӣ ва фаронсавӣ амал менамоянд. Инчунин маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ва бадеию варзишӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо омӯзгорони соҳибкасбу соҳибтаҷриба машғулият мегузаронанд.

Таҳсил дар ин маҳфилҳо ройгон буда, имкон медиҳад, ки хонандагон пурра ба забономӯзию ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шаванд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»

 

Август 13, 2024 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАШАББУСКОР ВА ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ҶАҲОНӢ». Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 19 то 22 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
ҚОНУНИ АВФ. Давлат ба ҳазорон шаҳрванд имконият медиҳад ба назди оилаҳои худ баргашта, ҳуқуқи худро ба зиндагии арзанда амалӣ созанд
Дар Душанбе оид ба тамоюлҳои рушди маориф дар давлатҳои ИДМ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ барои фаъолони ҳизб машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Дар доираи лоиҳаи идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ба Агентии обуҳавошиносӣ таҷҳизоти муосир дастрас карда шуд
Ҷаласаи якуми Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд баргузор шуд
Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Камароб» ба фаъолият оғоз намуд
Барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон шинос шуданд
АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ёде аз хизматҳои намоёни арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳомиддин Шарифов
Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд