МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ангур ҳам дар шакли тару тоза ва ҳам хушк давои дардҳо аст
ДУШАНБЕ, 18.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳқиқоти илмӣ, агар инсон ҳамарӯза 15 дона ангури сурх истеъмол кунад, 40 фоиз хатари паст шудани биноиро пешгирӣ менамояд. Инчунин агар се моҳ мунтазам ҳамарӯза ангурро истеъмол кунад, хуб шудани хотираро эҳсос мекунад. Чунин тавсия медиҳанд табибон.
Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки оксиди нитроген дар таркиби ангури сурх пеши роҳи ғафсшавии хунро гирифта, ба пешгирии бемории дил мусоид аст. Инчунин инсонҳое, ки аз дарди нимсара азият мекашанд, субҳи барвақт бояд шарбати омехтанашудаи ангурро нӯшанд, ки хеле фоидабахш аст.
Ба гуфти мутахассисон, ангур меваи сабуке аст, ки ҳангоми ҳазм нашудани ғизо ва ё дарди меъда сабукӣ меорад. Инчунин ба қабзияти шикам низ мусоид буда, дарди рӯдаву меъдаро бартараф месозад. Инчунин он хусусияти осон кардани фаъолияти гурдаро доро буда, истеъмоли он ба паст шудани кислотаҳо дар пешобдон мусоидат мекунад. Агар бештар ангури ранги равшандошта истеъмол кунед, оҳиста – оҳиста қуми талхадонро нобуд сохта, гурдаро низ тоза мекунад. Ангур, ки пешоброн аст, варамҳоро низ бартараф мекунад.
Табибон ба нафароне, ки гирифтори бемории диабети қанд мебошанд, истеъмоли ангурро тавсия намедиҳанд. Инчунин нафарони дорои фишорбаландӣ хуб мешуд аз истеъмоли пайвастаи он даст кашанд.
Дар натиҷаи мушоҳидаҳо маълум шудааст, ки истеъмоли ангур хурӯҷи бемориҳои такрорёбандаро хеле кам менамояд. Мутахассисон муайян намудаанд, ки дар таркиби ангур қариб 150 моддаҳое мавҷуд ҳастанд, ки ба организми инсон таъсир мерасонанд. Хусусияти шифобахшии ангур ба чӣ қадар пухта расидан, хусусияти хок ва микроиқлим вобаста аст. Истеъмоли як пиёла шарбати ангур дар фасли зимистон ба организм нафъи беандоза дорад. Дар шарбати ангур ҳамаи хусусияти шифобахшии ангури тару тоза мавҷуд аст.
Шарбати ангур дорои моддаҳои калий ва пектин буда, ривоҷёбии судабандии бофтаҳои узвҳо (склероз)-ро пешгирӣ менамояд. Ба ҳамин хотир мутахассисон истеъмоли ин шарбатро маслиҳат медиҳанд.
Агар шахс ҳар рӯз ба миқдори кам мавиз истеъмол намояд (мавиз ҳам маҳсули ангур аст), аз сулфаи балғамдор ва сафро халосӣ ёфта, хотирааш мисли қаблӣ барқарор мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ ҳамагӣ 495 гектар боғу токзор, аз ҷумла 10,8 гектар токзори нав бунёд гардидааст. Инчунин дар 32,5 гектар токзори кӯҳна барқарор карда шуд.
Токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таърихи ҳазорсоларо дар бар мегирад. Дар мамлакат бештар аз 190 навъу намуди гуногуни маҳаллӣ ва зиёда аз 30 навъи интродутсионӣ (воридотӣ) ангур парвариш мешавад. Ангур рустании бисёрсола буда, меваи он на танҳо дар намуди тару тоза, балки дар намуди хушконидашуда ва маҳсулоти коркарди саноатӣ истифода бурда мешавад, ки барои саломатии инсон хеле муфид мебошад.
Хусусияти дигари ангур он аст, ки якчанд навъи онро дар сардхонаҳо ва ҷойҳои махсус муддати 6-7 моҳ (октябр – май) нигоҳ доштан мумкин аст ва ин барои бо ғизои сервитамин таъмин намудани аҳолӣ мусоидат мекунад. Мева ва барги токро дар тайёр кардани зиёда аз 100 номгӯй таом ва маҳсулоти саноатӣ истифода мебаранд. Дар саноати хӯрокворӣ меваи ангур ҳамчун ашёи хом барои тайёр кардани афшура, нӯшокиҳои беспирт ва шаробҳои гуногун истифода мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд






