МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дилаи тарбуз, дона ва ҳатто пӯчоқи он хосияти табобатӣ дорад
ДУШАНБЕ, 24.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар таркиби тарбуз 90-95 фоиз об мавҷуд буда, он шифобахш аст, чун оби тарбуз софкардашуда мебошад. Онро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз фарбеҳӣ ранҷ мебаранд. Гирифторони фарбеҳӣ тавассути истеъмоли тарбуз ба осонӣ метавонанд вазнашонро коҳиш диҳанд. Дилаи тарбуз, дона ва ҳатто пӯчоқи он хосияти табобатӣ дорад. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.
Табибон тавсия медиҳанд, ки нафароне, ки гирифтори фишори баланди хун мебошанд, бояд ҳатман ба номгӯйи ғизои рӯзмарраашон тарбузро ҳамроҳ намоянд. Тарбуз холестеринро аз ҷисм берун мекунад, ки зимни бемориҳои дилу раг муҳим аст. Тарбуз хосияти қавии пешобронӣ дорад. Ин хосияти тарбуз дар пӯчоқи он низ эҳсос мешавад. Аз пӯчоқи тарбуз ҷӯшобае тайёр кардан мумкин аст, ки ба муолиҷаи бемориҳои дилу гурда кумак мерасонад. Чунин муолиҷаро тамоми сол метавон идома дод.
Тарбуз барои фаъолияти чашм ва мағзи сар фоида дорад. Агар тарбуз истеъмол кунед, ба чашм ва қобилияти фикркуниатон фоидаовар аст. Ба гуфти мутахассисон, дар тарбуз мавҷуд будани витаминҳои А ва В6 чашмро аз ҳар хел сироятҳо ҳимоя ва хотираро мустаҳкам карда, суръати тафаккурро меафзояд.
Беҳтарин вақти тановули тарбуз байни ду таом аст, ки таоми аввал ҳазм шуда бошад. Вале агар инро бар болои таом бихӯранд, ҳазми онро вайрон мекунад.
Тарбуз муфидтарин зироати полезӣ ба шумор рафта, миқдори қанд дар таркибаш камтар аст. Фруктозаи таркиби тарбуз ба осонӣ дар организм ҳал мешавад. Солҳои охир тарбузро яке аз воситаҳои беҳтарин барои тозакунии ҷисм аз ифлосиҳои гуногун мешуморанд.
Ба гуфтаи табибони уролог, донаи тарбуз ҳам барои шустани санги гурда ва ҳам барои нест кардани кирм (гелминт)-ҳо воситаи хуб мебошад.
Тарбуз пӯсти рӯйро тароват бахшида, доғи кунҷитакро тоза мекунад. Барои ин донаи тарбузро кӯфта, аз он малҳам тайёр мекунанд. Донаи тарбузро хушк намуда, зимистону баҳор барои табобати гурда ҳамчун давои беҳтарин истеъмол кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, донаи тарбузро набояд партофт.
Пӯчоқи тарбузро гирифта, пӯсти сахти болояшро бо корд ҷудо карда, қисми сафедашро гирифта мешӯянд ва бо корд дар шакли чоркунҷаҳои хурд – хурд реза мекунанд ва дар об то мулоим шуданаш меҷӯшонанд. Аз шакару об шарбат тайёр намуда, ба он порачаҳои пӯчоқи тарбузро меандозанд ва то шаффоф шудани рангашон дар шарбат меҷӯшонанд. Ин мураббо барои дард ва варами пардаҳои деворҳои даруни сина, васвос, ки аз ҳар сабаб бошад, дарди узвҳои даруни сина ва сустии меъда даво буда, ба меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз қувват мебахшад.
Ёдовар мешавем, ки пагоҳ, 25 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад. Дар ин рӯз намоиш- фурӯши навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон, намоиши навъҳои дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар аст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛИИ ИННОВАТСИОНӢ. Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони Тоҷикистон
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАҶМААИ САЙËҲИЮ ИСТИРОҲАТИИ «ЧОРЧАМАН». Маконе, ки чашм аз тамошои он серӣ надорад






