«МегаФон Тоҷикистон»: Бадахшонро чӣ гуна фатҳ намуд
ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бадахшон – минтақаи кӯҳие мебошад, ки бисёре аз интернет-провайдерон ва операторони алоқа ҷуръати ба он ҷо рафтан надоранд. Воқеан: деҳаҳои дурдасту душворгузарро, ки ҳатто роҳҳои автомобилгард ва хатҳои интиқоли неруи барқ надоранд, чӣ тавр бо хизматрасонии муосири рақамӣ таъмин кардан мумкин аст? Ташаббусро соли 2011 ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба зимма гирифт. Таърихи кори он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — ин роҳи ҷустуҷӯи доимии имконияти ғайристандартӣ мебошад.
Кайҳонро мешунавем!
Роҳҳои гуногуни таъмини алоқа дар минтақаи кӯҳӣ мавҷуд ҳастанд. Масалан, метавон хати алоқаи нахӣ-нурӣ гузаронд, ки тавассути он трафик интиқол дода мешавад. Баъзан кабелҳои нахӣ-нурӣ дар фосилаҳои кӯтоҳ барои давр зада гузаштани кӯҳи наздиктарин истифода бурда мешаванд, агар он пеши роҳи мавҷи пойгоҳи базавии наздиктарро гирифта бошад. Аммо гузаронидани кабел ба ҳар як маҳали аҳолинишин – душвор, дуру дароз ва гарон аст. Аз ин рӯ, аксари операторон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танҳо дар маркази ноҳияҳо ва ҷамоатҳои калон фаъолият доранд. Аммо сокинони деҳаҳои хурд низ ҳақ доранд аз алоқа ва интернети мобилӣ истифода баранд!
МегаФон Тоҷикистон роҳи ҳалли масъаларо пайдо кард: агар рафтан ба минтақаи душворгузар бо рӯи замин ғайриимкон бошад, ин амал бояд… аз боло, аз кайҳон анҷом дода шавад. Яъне пойгоҳҳои базавӣ ба шабакаҳои радифии алоқа пайваст карда шаванд. Масалан, дар ноҳияи баландкӯҳтарини Тоҷикистон – Мурғоб ҳамаи пойгоҳҳои базавӣ маҳз ҳамин тавр кор мекунанд. Натиҷа ин аст, ки 90% тамоми маҳалҳои аҳолинишини ноҳия бо алоқаи «МегаФон Тоҷикистон» таъмин мебошанд.
Яке аз лоиҳаҳои нодири оператор – роҳандозии шабакаи радифӣ барои танзимгарони авиатсионӣ маҳсуб мешавад. Барои муайян кардани ҷойгиршавии дақиқи ҳавопаймоҳо дар фазои ҷумҳурӣ ба онҳо интернети боэътимод зарур омад. Мушкилӣ дар он буд, ки нуқтаҳои диспетчерӣ дар деҳаҳои дурдасти Тоқтамишбек ва Қарокӯли ноҳияи Мурғоб ҷойгир шудаанд. Провайдерони анъанавӣ натавонистанд онҳоро бо интернет таъмин кунанд. «МегаФон Тоҷикистон» ягона ширкате аст, ки барои иҷрои ин вазифаи техникӣ қодир буд.
Бо қувваи худ ва тавассути чархболҳо
Шабакаҳои радифӣ тавассути кайҳон кор мекунанд, аммо пойгоҳҳои базавӣ дар ҳама гуна ҳолат бояд дар мавзеъҳое, ки муштариён дар он ҷо истиқомат доранд, ҷойгир карда шаванд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми гузоштани пойгоҳи базавӣ садҳо ва ҳазорҳо килограмм борро ба кӯҳҳо бурдан зарур меояд. Ин амалро чӣ тавр анҷом додан мумкин аст, агар деҳа аз роҳи наздиктарин дур бошад?
Муҳандисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» чандин бор таҷҳизотро бо қувваи худ ба мавзеъҳои даркорӣ бурда мерасонданд. Масалан, дар ноҳияи Дарвоз яке аз пойгоҳи базавиро бо тай кардани ёздаҳ километр мавзеи бероҳ ба таври пиёда насб карданд. Дар Ишкошим – ҳашт километр. Ва чунин мисолҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хеле зиёданд.
Агар таҷҳизот зиёд бошад, масалан, бурда расонидани қисмҳои иншооти мавҷпахшкунандаи он низ зарур ояд, яъне манорае, ки дар он пойгоҳи базавӣ гузошта шудааст, ширкат аз чархболҳо истифода мебарад. Дар ноҳияи Ванҷ барои яке аз пойгоҳи базавӣ зиёда аз 3 тонна бор бурда расонида шуд. Зимнан, ҳоло дар ноҳияи Ванҷ 100 фоиз тамоми маҳалҳои аҳолинишин бо алоқаи МегаФон Тоҷикистон таъмин мебошанд.
Энергетикаи алтернативӣ
Аммо пойгоҳҳои базавӣ дар кӯҳҳо неруи барқро аз куҷо мегиранд? Охир хатҳои алоқаи барқӣ аксар вақт ё дуранд ё тамоман вуҷуд надоранд. Дар чунин ҳолатҳо МегаФон Тоҷикистон аз манбаъҳои алтернативии таъминоти барқ истифода мебарад. Пойгоҳҳои базавӣ бо генераторҳои дизелӣ ва аккумуляторҳо ҷиҳозонида мешаванд. Дар баробари ин, бо мақсади муҳофизат аз иқлими шадиди Помир аккумуляторҳо дар зери замин дар чуқурии се метр ҷойгир карда мешаванд.
Энергияи «сабз» низ истифода мешавад: қисме аз пойгоҳҳои базавӣ бо генераторҳои бодӣ ва батареяҳои офтобӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Натиҷа чунин аст: хатҳои берунии таъминоти барқ мавчуд нестанд, вале муштариён — алоқаи боэътимод доранд.
Рекордҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Таҷрибаи кор дар кӯҳҳо ба оператор барои таъсис додани иншооти алоқа, ки рекордгузор маҳсуб мешавад, имкон дод. Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баландтарин пойгоҳи базавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Қулма дар ағбаи ҳамном дар наздикии марз бо Чин воқеъ аст. Ин пойгоҳи базавӣ дар баландии 4 365 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Вай инчунин тавассути шабакаи радифӣ кор мекунад.
Рекорди дигар шумораи маҳалҳои аҳолинишини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад, ки дар онҳо аз байни операторони мобилӣ танҳо «МегаФон Тоҷикистон» фаъолият мекунад. Дар Мурғоб, масалан, Бошгумбез, Бурункул, Қароқул, Қулма, Ранкул, Тақтамишбек. Дар ноҳияи Рӯшон, ки фарогирии маҳалҳои аҳолинишин 80 фоизро ташкил медиҳад, Бопасор, Ғудара, Пасор, Ред, Рухч, Савноб ба ҳисоб мераванд. Дар ноҳияи Ванҷ — Андарбак, Вишхарв, Жамаг, Пойи Мазор ва Хехик. Дар ноҳияи Дарвоз – Курговад. Дар шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ пойгоҳи базавии Шипад ҷойгир аст, ки дар сурати набудани дигар операторон дар ин қисмат алоқаро таъмин мекунад.
Сохтмон идома дорад. Бо пайдо шудани хизматрасонии муосири алоқа сокинони мавзеъҳои баландкӯҳ имкони занг задан ба наздикон, истифодаи интернети мобилӣ барои кор, таҳсил, муошират, анҷоми амалиёти молиявии ғайринақдӣ ба даст меоранд. Ва ин худ сифати нави ҳаёт аст.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»