Муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорони соҳибтахассуси забонҳои русӣ ва англисӣ таъмин мебошанд
ДУШАНБЕ, 20.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорони соҳибтахассуси забонҳои русӣ ва англисӣ таъмин буда, дар айни замон 242 омӯзгори фанни забони русӣ ва 275 омӯзгори фанни забони хориҷӣ фаъолият доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Барои баланд бардоштани таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар назди 26 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 54 гурӯҳ бо забони русӣ фаъолият бурда, дар кӯдакистонҳои боқимонда аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ дарсҳои иловагӣ ҷорӣ шудаанд.
Ҳамчунин дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, дарсҳои иловагӣ барои хонандагони сустхон ва болаёқат ташкил карда шудаанд.
Президенти Тоҷикистон пайваста дар суханрониҳо таъкид менамоянд, ки насли наврас ва ҷавон бояд забонҳои русӣ ва англисиро донанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо таъкид намуда буданд, ки «ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи дунё хеле мушкил аст».
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Хуҷанд 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ, як «Кӯдакистони президентӣ» ва 13 кӯдакистони хусусӣ фаъолият менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд






