Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо омодагии муассисаҳои таълимии шаҳри Бӯстон ба соли нави таҳсил шинос шуд
ДУШАНБЕ, 20.082024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар шаҳри Бӯстон бо вазъи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар литсейи №1 ва мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон бо вазъи омодагии муассисаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ва ҳолати таъмиру тармим шинос гардида, бо омӯзгорону тарбиятгирандагони мактаб-интернат суҳбат намуд.
Ҳамчунин дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон идома дорад, иштирок намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






