МУТОБИҚАТИ НИЗОМИ БИСЁРЗИНАГИИ ТАҲСИЛ БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин хусус
ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли нави таҳсили 2024-2025-ро ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон /ДБССТ/ бо дастоварду муваффақият, ки дар партави иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, истиқбол мегиранд. Ин нуктаро дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар остонаи соли нави таҳсили 2024-2025 иброз намуд.
Низоми бисёрзинагии таҳсил ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ шуд
Мавсуф афзуд, ки дар ин давра донишгоҳ муваффақона аз аттестатсия гузашта, барои пешбурди фаъолият соҳиби иҷозатнома гардид. Ҳамзамон тамоми ташаббусҳои раёсати донишгоҳ дар самти амалӣ намудани низоми бисёрзинагии таҳсил ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани он татбиқ шуданд.
Инчунин моҳи майи имсол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди маҷмааи биноҳои нави таълимии Донишакадаи байналмилалии Данғара санги асос гузоштанд.
Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки ташрифи Президенти мамлакат ба Донишкадаи байналмилалии Данғара ва ҳидоятҳояшон вобаста ба омодасозии мутахассисони баландпояи ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ масъулияти моро дар тамоми самтҳои фаъолият боз ҳам бештар намуд.
Филиалҳои донишгоҳ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ки соли 2021 таъсис шудаанд, имсол бо Қарори Ҳукумати мамлакат ба донишкадаҳои байналмилалии донишгоҳ табдил дода шуда, дар баробари ин Донишкадаи байналмилалии Данғара таъсис дода шуд.
Таъсиси пажуҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотии «Иқтисоди сабз» ва «Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»
Бо мақсади густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти рушди устувор, иқтисоди «сабз» ва сайёҳиву соҳибкорӣ бо Қарори Ҳукумати мамлакат дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пажуҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотии «Иқтисоди сабз» ва «Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ» таъсис дода шуданд.
Ин сохторҳо вазифадор гардидаанд, ки фаъолияташонро бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ тақвият бахшида, дар доираи маркази татбиқи лоиҳа, ки дар назди донишгоҳ амал мекунад, оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва пайванди илм бо истеҳсолот тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Таҳияи Стратегияи рушди донишгоҳ
Имсол Лоиҳаи Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи амали Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040 дар марҳилаи якум -солҳои 2024-2026 аз тарафи гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия гардида, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шуд.
Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои иҷрои банди 9 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон баён доштанд, таҳия шуд.
«Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040» дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи июни имсол тасдиқ шуд.
Ҳадаф — мутобиқати фаъолияти донишгоҳ бо меъёрҳои ҷаҳонии таҳсил ва таҳқиқоти илмӣ
Ба андешаи Убайдулло Асрорзода, зарурати таҳияи Стратегияи рушди донишгоҳ- ин мутобиқ гардонидани фаъолияти донишгоҳ бо меъёрҳои ҷаҳонии таҳсил ва таҳқиқоти илмӣ, баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ, иштирок дар рейтингҳои байналмилалӣ ва рушди инфрасохтори донишгоҳ тавассути ҷалби сарчашмаҳои иловагии маблағгузории лоиҳаҳо ва грантҳо мебошад.
Ҳадафҳои асосии Стратегияи рушди донишгоҳ
Ҳадафҳои асосии Стратегияи рушди донишгоҳ- ин таъмини мутобиқати он ба нишондиҳандаҳое, ки барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалии инноватсионию таҳқиқотӣ муайян шудаанд, амалисозии принсипҳои идоракунии стратегӣ ва менеҷменти сифат дар фаъолияти донишгоҳ, тақвияти мавқеи пешсафии донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва табдили он ба маркази бонуфузи таълимию таҳқиқотии минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин рақамикунонии самтҳои фаъолияти донишгоҳ вобаста ба тамоюли рушди таҳсилоти олии ҷаҳонӣ мебошанд.
Ҳамзамон таҳия ва қабули Стратегия ба таъмини рушди устувори донишгоҳ дар асоси амалисозии технологияҳои инноватсионӣ дар самтҳои фаъолият, рушди ҳамкории мутақобили судманд бо субъектҳои бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ дар асоси амалисозии низоми таҳсили дуалӣ, густариши робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба донишгоҳ ба зинаҳои гуногуни таҳсил мусоидат менамояд.
Тақвияти иқтидори кадрӣ ва рақамикунонии фаъолияти донишгоҳ
Стратегияи рушди «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040 аз 8 боб иборат буда, такмили низоми идоракунии донишгоҳ, рушди инфрасохтори донишгоҳ, рақамикунонии фаъолияти донишгоҳ, такмили сиёсати академию таҳсилотӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ, рушд ва дастгирии таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти инноватсионӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ, тақвияти фаъолияти тарбиявӣ ва рушди иҷтимоӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо субъектҳои бозори меҳнат ва татбиқи принсипҳои рушди устувор дар фаъолияти донишгоҳ аз самтҳои асосии рушди стратегии донишгоҳ маҳсуб мешаванд.
Татбиқи Стратегия бо ҷалби шарикони рушд амалӣ мешавад
Стратегияи рушди донишгоҳ барои амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои дар бахшҳои он муайянгардида ба 7 марҳила тақсим мегардад. Татбиқи он аз ҷониби донишгоҳ бо ҷалби шарикони рушд ба роҳ монда мешавад ва дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси донишгоҳ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд, саҳми бахши хусусӣ ва аз дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда мешавад.
Дар маҷмуъ, татбиқ ва дар амал ҷорӣ намудани Стратегияи рушди донишгоҳ ба самараноку оқилона истифода намудани захираҳои донишгоҳ заминаи асосӣ мегузорад. Дар баробари ин, амалишавии Стратегия зина ба зина ба беҳтаргардонии сифати таҳсил дар донишгоҳ ва омода кардани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ ва берун аз он мусоидат мекунад.
Инчунин амалишавии ҳадафу вазифаҳои алоҳидаи Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ба монанди таҳияи низоми менеҷменти сифат, рақамикунонии равандҳои таълим, рушди таҳқиқоти илмӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои он, густариши робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи принсипҳои иқтисоди «сабз» на танҳо барои донишгоҳ, балки ба дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва низоми таҳсилоти олии мамлакат муфид хоҳад буд.
Ҳайати устодони донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд барои иҷрои супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат дар соли нави таҳсили 2024-2025 саъй намуда, бобати дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тақвияти минбаъдаи фаъолият тибқи Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 саҳми арзанда мегузоранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз