Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ҳамчун маркази татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ, ки бо ибтикори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд ва Донишгоҳи Кёнгдони Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, иштирок намуданд.
Ҳадафи саммит таҳкими ҳамкории байналмилалии академӣ, густариши барномаҳои табодули академӣ ва таҷрибаомӯзӣ, пешбурди ташаббусҳо дар самти рушди устувори соҳаи маориф ва илм, ҳамчунин тавсеаи шаклҳои нави ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии беш аз 30 кишвари ҷаҳон мебошад.
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳои Хатлону Суғд дар ҷаласаҳои ифтитоҳӣ ва панелии Саммит сухан гуфта, аҳаммияти табодули академӣ ва ҳамгироии принсипҳои рушди устуворро дар раванди таҳсилот таъкид намуданд. Инчунин онҳо бо намояндагони донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои Чин, Канада, Амрико, Олмон, Фаронса, Ҳиндустон, Корея, Русия, Гурҷистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо мулоқот намуда, дурнамои татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак, дудиплома, таҷрибаомӯзиҳо, табодули академии байналмилалӣ ва ташаббусҳои илмиро муҳокима намуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






