НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 61,7 миллиард сомонӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 06.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 61,7 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,2 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Ашурбой Солеҳзода, суръати рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 11,5 фоиз, кишоварзӣ 9,6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,7 фоиз, гардиши савдо 11,9 фоиз, боркашонӣ 13,8 фоиз ва мусофиркашонӣ 9 фоиз таъмин гардид.
Дар моҳҳои январ-июни имсол таваррум 1,9 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 0,4 банди фоизӣ паст мебошад. Дар ин давра таваррум асосан аз ҳисоби 1,3 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа, 1,6 фоиз молҳои ғайриозуқа ва 4 фоиз арзиши тарофаҳои хизматрасонӣ ташаккул ёфтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ 251 корхонаи нави саноатӣ бо 1714 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,6 милиард сомониро ташкил дод.
Ҳамзамон Ашурбой Солеҳзода изҳор намуд, ки ҳаҷми умумии гардиши савдо дар моҳҳои январ ва июни имсол 29492,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 11,9 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳама бештар дар гардиши савдо ҳаҷми умумиро савдои чакана ва таъмири воситаҳои нақлиёт, ки ба 86,3 фисад расидааст, ташкил медиҳад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






